Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Обуна шудан
Ислом Зиёзода се моҳ пеш бо фармони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор гардид
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Ислом Зиёзода, собиқ раиси шаҳри Панҷакент вазифаи нав гирифт, хабар медиҳад агентии "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, Зиёзода аз соли 2015 то 2020 раиси шаҳри Панҷакент буд ва ахиран бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа сабукдӯш шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2020
Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард
Дар фармони барканории ӯ, гузаштан ба кори дигар гуфта шуда буд. Ба курсии Зиёзода он замон Холиқзода Абдухолиқ Санавбар такя зад.
Ҳаманун, собиқ мири шаҳри Панҷакент ба вазифаи сардори Стансияи таҷрибавии панҷакентии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ӯ дар ин вазифа номзади илмҳои кишоварзӣ Диловар Шералиро иваз кард. Диловар фарзанди шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ мебошад.
Шарти нави вазифадиҳӣ ба судяҳо: танҳо пас аз пешниҳоди маълумот оид ба дороӣ
Манбаъ меафзояд, Зиёзода дар гузашта сардори Раёсати кишоварзӣ ва муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент буд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0