Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис

© Sputnik Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Хабарҳо дар бораи барқарорсозии қарибулвуқӯи парвозҳои байни Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ, коршиноси мустақил Владимир Попов шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазъи коронавирус дар Русия нигаронкунанда нест, гуфт дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи Авиапанорама, генерал-майор, халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ, коршиноси мустақил Владимир Попов.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Ӯ мегӯяд, ба беҳ шудани вазъият асосан эмгузаронии сартосарии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Коршинос қайд кард, дар назар аст, ки дар оянда хатҳои истеҳсоли ваксинаи коронавирус дар Осиёи Марказӣ низ таъсис дода шаванд.
"Дар бораи Тоҷикистон дақиқ гуфтан ғайриимкон аст. Фикр мекунам, ки он дар миёнаи тобистон воқеан намоён хоҳад шуд", - илова кард халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия.
Коршинос тахмин мезанад, ки парвозҳои мунтазам ба Ӯзбекистон барвақттар кушода мешаванд.
Попов қайд кард, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ, коркарди системаи назорати муштараки мусофирон дар фурудгоҳҳо зарур аст.
Муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Авиапанорама" илова кард, ки минбаъд пӯшидани марзҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест: бояд имконият дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия оянд ва русҳо дар таътил парвоз кунанд, ки ин бахши туризмро дастгирӣ хоҳад кард.
Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд
Мубодилаи мутақобила бо сайёҳони кишварҳои ИДМ барои осоишгоҳҳои Русия низ муфид аст.
Ин нуқтаи назари Попов дар ҳолест, ки ду рӯз қабл раҳбари фурудгоҳи Внуково дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъи коронавирус дар Тоҷикистон беҳтар гашта, интизори кушодани марзҳо дар моҳҳои апрей - май ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала