Зани 55 - сола дар Душанбе фоҳишахона ташкил намуда, аз муштариёни худ пул мегирифт

© AFP 2021 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Дар Душанбе зани 55 - сола манзили зисташро ба фоҳишахона табдил додааст. Кормандони милиса ӯро дастгир карданд
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Кормандони милитсия, сокини 55 - солаи шаҳри Душанберо боздошт намуданд, ки дар ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона муттаҳам дониста мешавад.
Кровать в номере, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Ҷавони 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил дод: то 200 сомонӣ мегирифт
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин зан манзили истиқоматии худро ба фоҳишахона табдил дода, аз муштариёнаш маблағ мегирифт.
Номбурда, аз ҷумла рӯзи 4 март, тахминан соати 13:00 манзилашро дар ихтиёри марди 27 - сола ва зани 20 - сола гузашта, бар ивази хизмати расондаи худ аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Илова бар ин, худи ҳамон рӯз боз барои ҷавони 25 - сола ва зани 20 - сола, ки ҳар ду сокинони Душанбе мебошанд, шароит муҳайё намуда, аз онҳо ҳам 200 сомонӣ талаб карда, гирифтааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан тафтишот дар ин самт идома дорад.
Боздошти ҷавони 22 - сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона
Чанде пеш Кумитаи кор бо занон ва оила пешниҳод намуда , ки дар баробари занони танфурӯш, мардон, ки муштариёни онҳо мебошанд, бояд ҷазои саттар гиранд.
Илова бар ин пешниҳоде шудаст, ки "даллаҳо" ва соҳибони фоҳишахонаҳо бояд аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала