Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавосанҷон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевПлощадь Сомони в Душанбе
Площадь Сомони в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, имрӯз дар водиҳо борон меборад ва дар доманакӯҳҳо боришоти шадиди жола мешавад
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон имрӯз абристу боронӣ. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ғарби ВМКБ бориши барфу борон дар назар аст.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунк то 2 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 10 -15 ва рӯзона то 5 дараҷа ҳаво сард мешавад.
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Обуҳавошиносон: дар кишвар боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
Зимнан, ҳавои вилояти Суғд низ абриву боронист. Шабона дар ин вилоят ҳаво 3 - 8 ва рӯзона то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хатлон низ боришоти суси борон пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо боридани жола аз эҳтмол дур нест. Дамои ҳаво шабона 6 - 11 ва рӯзона то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 4- 9 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала