Борону жола: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ  борони бошиддат ва жола пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Ба иттилои Ожжонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят борон меборад.
Шамол аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Барфу борон ва меғу жола: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ чӣ гуна мешавад
Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Эҳтимоли боридани жола низ пешбинӣ шудааст.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли боридани жола дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони бошиддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда,  рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  6+8  ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0