Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Файзов аз Балзак мисол оварду модарро муқаддастарин инсони дунё хонд

© Мақомоти ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модарон муборакбод гуфту модарро азизтарин шахсияти дунё хонд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ба гуфти раиси вилоят, аз замони пайдоиши одам то ҳол дар таърихи башар шахсияте набудааст, ки аз Модар азизтару мушфиқтар бошад, аз ин рӯ, дар тамоми рӯйи олам барои инсон Модар беҳтарин, меҳрубонтарин ва азизтарин мавҷуд аст.
Ӯ мегӯяд, дар Модар саховати Офтобу тамкини замин, таровати баҳору матонати куҳ нуҳуфтааст.
Скриншот из видео с  Фарзоной Каримовой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2020
Муҳофиз, модар ва зани "майдон": як рӯзи Фарзона Каримова - видео
"Бунёди саодатмандиву шукуфоии ҳар диёр ба Зан – Модар рабт дошта, хушии рӯзгору умедбахши зиндагӣ, сутуни хонадону раҳнамои фарзандон, ҳодии бахти сафеду шамъи фурӯзони ҳаёт маҳз Модар мебошад. Кушояндаи ҳар муаммову гиреҳи зиндагӣ дасти дуои Модар аст, зеро дуои Модар ба даргоҳи Худованди мутаол иҷобат мешавад", омадааст дар табрикоти раиси ВМКБ.
Файзов бовар дорад. ки сарафрозиву нерӯи созандагии инсон аз меҳру муҳаббати бекаронаи Модар оғоз мегирад ва муҳаббати Модар ба ҳаддест, ки ҳатто вазнинтарин гуноҳро ба ҷуз Худои якто танҳо / метавонад бубахшад, чунки Худованд чунин бахшандагиро фақат дар дили Модар ҷо додааст. 
Ба гуфти раиси ВМКБ, дар фасли баҳор, айёми бедории табиат ва шукуфоиву сарсабзии дашту даман расидани Рӯзи Модар худ аз сиришти поку нияти холис ва муҳаббати офарандаи ӯ дарак медиҳад. 
Ба қавли Файзов, Модар омӯзгорест, ки фарзанд дарси нахустини адабу ахлоқро аз ӯ меомузад, ба ин маъни аввалин мураббиву тарбиятгари инсон модар мебошад ва ба ин хотир аст, ки тамоми родмардону мардони майдон, бузургони илму адаб, суханварони мумтоз Модарро ҳамду сано гуфтаанд.
Нависандаи машҳури фаронсавӣ Оноре де Балзак дар васфи Модар чунин мегуяд: "Модар нафарест, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад. Модар калимаест муқаддас ва мафҳумест чун ин дунё беоғозу беанҷо".
Ҳамзамон раиси ВМКБ рисолати модарро дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ медонад.
Ӯ мегӯяд, тарбиявии маънавии ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст ва бодии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагӣ дорад.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Горно-Матчинский район - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2020
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон: раисиҷумҳур гуфт беҳтарин туҳфа барои модар чист
Файзов аз он ифтихор дорад, ки модарони тоҷик барои Ватан фарзандони хушманду бохирад, хушхулқу поксиришт, донишманду закӣ ва ватандору баору номус тарбия намуда ба камол мерасонанд.
Ӯ мегӯяд ба хотири нақши боризи бонувон дар ободонии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни Рӯзи Модар мақоми давлатӣ дод, ки ин аз мақому манзалати хос бархурдор будани занону модаронро дар мамлакати мо собит месозад.
Дар ин самт рӯйи кор омадани Фармони Президент "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", Қонун "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", Барномаи "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2001 – 2010" ва "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» аз шумули муҳимтарин асноди меъёрӣ – ҳуқуқие хисоб меёбанд, ки мавқеи занро аз дидгохи конун тахким бахшидаанд.
Дар охир Ёдгор Файзов, ҳамаи модарони меҳрубон, бонувони гиромищадр ва духтарони арҷмандро бо фарорасии Рӯзи Модар ва омад – омади баҳор табрику таҳният гуфта, ба онҳо  сиҳатмандӣ, табъи шукуфо, хонаводаи ободу рӯзгори бегазанд таманно кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала