Шӯрои уламо гуфт, ҷазои асалфурӯшони сохтакор чист

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузаштан ба хазинаи аксПродавец наливает мед в банку, архивное фото
Продавец наливает мед в банку, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш пдоши аъмоли мардумфиребиро гуфт, ки то куҷо хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Мирзоумар, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки шакарро дар оташ ҷушонда ба он доруе омехта мекунанд, ки мисли асал мешавад, пас онро асали тоза гуфта мефурўшанд. Оё пули он ҳалол аст?
Задержанный мошенник который продавал поддельный мед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Асали худсохти зараровар: барои як кило 10 сомонӣ сарф мегардаду гарон мефурӯшанд
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Касе фиреб мекунад, аз мо нест”.
Пас, ҳар кору амале, ки дар он фиребу норостӣ вуҷуд дорад, баракате аз он ҳосил намешавад, ҳатто мумкин аст сабаби наҳсӣ дар зиндагӣ ва молу сарват ҳам гардад, таъкид кардааст, ин ниҳоди динии кишвар.
Манбаъ гуфтааст, ҳар касе панди "он чи ба худ написандӣ, ба дигарон написанд"-ро шиори зиндагии худ қарор диҳад, ҳаргиз ба ин гуна амали нораво даст намезанад.
Мавриди зикр аст, ки дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд. Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.
Ёдовар мешавем, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани асалсозии сунъӣ хабар дод, ки барои як кило 10 сомонӣ харҷ мешаваду ба мардум чун асали куҳистон ба маротиб қиматтар фурӯхта мешавад.
Мурғи марҷону занбӯри асал: кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба занони мӯҳтоҷи деҳот
Маъмурини милисаи ноҳияи Деваштич муайян кардаанд, ки шаҳрванд Қосимов Шаҳриёр, сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи мазкур наздики як сол инҷониб бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровардааст.
 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала