Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Қаҳрамони UFC аз Русия барои истифодаи усули ғайриқонунӣ аз унвонаш маҳрум шуд: видео

© Getty Images/UFC / Гузаштан ба хазинаи аксБывший чемпион UFC в легчайшем весе Петр Ян
Бывший чемпион UFC в легчайшем весе Петр Ян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Ҳеҷ кас наметавонист чунин натиҷаи набардро интизор шавад: паҳлавони Русия барои зарбаи манъшуда аз идомаи рақобат маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Размикори UFC аз Русия Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод.
Артём Кургулин (Россия) vs. Ахмад Бойкараев (Таджикистан) | 70 кг - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби русашро мағлуб кард - видео
Нуқтаи ниҳоӣ дар муқовимат зарбаи варзишкори Русия буд.
Амрикои дар ҳолати номусоид наздик ба шикаст буд. Дар пеши размикори рус зарурати хотима додани набард ба миён омад.
Қабл аз ин, ӯ аз мураббиёнаш дар бораи эҳтимоли зарбаи зону пурсид ва посухи мусбат гирифт.
Ҳамин ки зарбаи сангини ҳалкунанда зада шуд - Стерлинг ба нокаут рафт ва довар фавран муборизаро қатъ кард.
Доварон Пётер Янро аз ҳақ идомаи рақобат маҳрум карданд ва намояндаи ИМА ба таври автоматӣ қаҳрамон шуд.
Барои паҳлавони Русия ин бохти дуввум дар карераи касбӣ бо 15 пирӯзист.
Аммо, Стерлинг аз ин натиҷаи мубориза норозӣ буд, унвонро қабул накард ва камарбанди қаҳрамониро ба октагон партофт.
TELEGRAMMMM "{$url}"
Петр Ян унвони қаҳрамониро тобистони гузашта пас аз рақобат бо ҳарифи бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала