Изҳороти тунди Чин дар бораи сиёсати Амрико

© REUTERS / Jason LeeМинистр иностранных дел КНР Ван И
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Вазорати корҳои хориҷии Чин сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро сахт интиқод кард
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар нишасти матбуотии солона дар ҳошияи иҷлоси Конгресси Умумиҷаҳонии Халқ сиёсати Амрикоро танқид кард.
Хакер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Хакерҳои Русияву Эрон ва Чин ба Амрико ҳамла карданд?
Пеш аз ҳама, сиёсатмадор ба "демократияшинонӣ"-и Амрико  ишора кард, ки иёлот аз он сӯистифода мекунад.
"Иёлоти Муттаҳида доимо бо баҳонаи демократия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба корҳои дохилии дигар кишварҳо дахолат мекунад. Ин дар ҷаҳон шумораи зиёди мушкилотро ба вуҷуд меорад ва дар баъзе ҳолатҳо боиси нооромӣ ва муноқишаҳо мегардад", - изҳор дошт Ван И.
Вазири корҳои хориҷии Чин қайд кард, ки агар ИМА хатогиҳои худро дарк накунад, ҷаҳон дур аз оромӣ  хоҳад монд.
Дипломати чинӣ илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Чин ихтилофи зиёде доранд, аммо кишвараш ба муколама омода аст.
"Мо барои амиқтар кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида боз ҳастем" гуфт ӯ.
Аммо, Чин ва Иёлоти Муттаҳида "хати сурх" доранд - ин принсипи "як Чин" ва масъалаи Тайван аст.
Си Ҷинпин ба артиши Чин фармон дод барои ҷанг бо Амрико омода бошанд
Ван И қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида набояд аз ин марз убур кунад. Сиёсатмадор инчунин изҳори умедворӣ кард, ки маъмурияти нави ИМА ба ин масъала диққати бештар хоҳад дод.
Масъалаи дигари сиёсати хориҷӣ, ки дар он мавқеи Чин ва Иёлоти Муттаҳида ба куллӣ ихтилоф доранд, фишор ба Теҳрон аст. Ван И гуфт, Чин ҷонибдори хотима додани фишор ба Теҳрон бо таҳримоти ИМА ва ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала