Ҳаво 8 март дар Тоҷикистон чигуна мешавад: пешбинии ҳавошиносон барои имрӯз ва рӯзи ид

© Sputnik / Амир ИсаевЦветы в городе Душанбе
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Обуна шудан
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар Рӯзи Модар Тоҷикистонро ҳавои бебориш интизор аст.
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik.  Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе қисман абрнок шуда, борон меборад.  8 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ин рӯз ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад, менависад "Ховар" дар истинод ба агнетии обуҳавошиносӣ.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 март ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани  борон ва барф дар назар аст.  8 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад
Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 26-31 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1-6 то 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд 7 март тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад.  Боридани жола аз эҳтимол дур нест.
8 март ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон 7 март ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар баъзе ноҳияҳо бориши борон  бошиддат шуда, ба амал омадани жола аз эҳтимол дур нест.
8 март дар ин вилоят ҳаво камабри бебориш  мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
7 март дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. 8 март ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0