Toyota рақиб надорад: дар Аврупо автомобили беҳтарини сол эълон шуд
396
Дар шаҳри Женеваи Швейтсария маросими эълони ғолибони озмуни мошини сол-2021 (Car of the Year 2021) баргузор шуд. Мошинҳои шакли хетчбек миёни коршиносон маҳбубият доштааст.
Ғолибони озмуни "Мошини сол" ҳар сол дар намоишгоҳи худравҳои Женева эълон карда мешаванд. Аммо, имсол ин озмун бинобар пандемия лағв шуд ва овоздиҳӣ ба таври маҷҷози сурат гирифт. Ҳайати доваронро 59 рӯзноманигор, ки 22 кишвари Аврупоро намояндагӣ мекунанд,ташкил медод. Маҳз ҳамин доварон ғолибонро эълон карданд.
Тамоюли мошинҳои хурд тағйир наёфтааст - ва имсол мошинҳо шакли хетчбеки шаҳрӣ аз Toyota беҳтарин мошин барои Аврупо дониста шуд.
Toyota Yaris-и нав дар охири соли 2019 муаррифӣ шуд ва фурӯши аврупоии он аз соли 2020 оғоз ёфт. Фурӯши мошинҳои ҷопонӣ аз Peugeot 208 ва Dacia Sandero зиёд будааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Peugeot 208 беҳтарин мошин дар Аврупо шинохта шуда буд.
© AFP 2020 / Salvatore Di Nolfi Toyota Yaris дар намоиши Palexpo дар Женеве. Беҳтарин худрави соли 2021 эълон шуд

1/8
© AFP 2020 / Salvatore Di Nolfi
Toyota Yaris дар намоиши Palexpo дар Женеве. Беҳтарин худрави соли 2021 эълон шуд
© REUTERS / Salvatore Di Nolfi / PoolToyota Yaris дар маросими ҷоизасупории "Худрави соли 2021" дар Женеве

2/8
© REUTERS / Salvatore Di Nolfi / Pool
Toyota Yaris дар маросими ҷоизасупории "Худрави соли 2021" дар Женеве
© AFP 2020 / Marco BertorelloХудрави Fiat 500 Electric дар моқими дувум ҷой гирифт. Ин худрав низ дар Аврупо яке аз беҳтарин дониста шуд

3/8
© AFP 2020 / Marco Bertorello
Худрави Fiat 500 Electric дар моқими дувум ҷой гирифт. Ин худрав низ дар Аврупо яке аз беҳтарин дониста шуд
© Foto Chris Noltekuhlmann / SEAT, S.A.Худрави севум, ки ба аврупоиҳо писанд омадааст Cupra Formentor будааст

Худрави севум, ки ба аврупоиҳо писанд омадааст Cupra Formentor будааст
© AFP 2020 / Ronny HartmannДар ҷои чаҳорум худрави электрикии VW ( Volkswagen) ID.3. ҷой гирифтааст

5/8
© AFP 2020 / Ronny Hartmann
Дар ҷои чаҳорум худрави электрикии VW ( Volkswagen) ID.3. ҷой гирифтааст
© Foto Press service of ŠKODA AUTOХудрави Škoda Octavia дар мақоми панҷум ҷой гирифтаст

Худрави Škoda Octavia дар мақоми панҷум ҷой гирифтаст
© Foto Press service of JAGUAR LAND ROVERLand Rover Defender – дар яке аз ҷойҳои охири ин феҳрист ҷой гирифтааст.

Land Rover Defender – дар яке аз ҷойҳои охири ин феҳрист ҷой гирифтааст.
© AP / Michel EulerХудрави барқии Citroen e-C4 дар ҷои охир қарор гирифт

8/8
© AP / Michel Euler
Худрави барқии Citroen e-C4 дар ҷои охир қарор гирифт