Амрико барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт

колодец - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Сафорати Амрико дар Душанбе барои таъмини оби нушокӣ, ба Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими супоридани чоҳи навсохта атташеи ҳарбии Амрико, подполковник Ҷошуа Мадлингер ва муовини фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, генерал-майор Ализода Ҷонибек, иштирок доштанд.
Сохтмони лоиҳаи “Чоҳ” дар чаҳорчубаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар, тибқи боби 10-и моддаи 284-и Вазорати мудофиаи Амрико, аз тарафи сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда шудааст.
Новый Посол США Джон Марк Поммершайм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2020
Муҳриддин бо сафири Амрико дар Тоҷикистон мулоқот кард
 Арзиши умумии лоиҳа 110 ҳазор доллар мебошад. Ин иншоот чорабиниҳои Маркази таълимии Горди миллиро, ки барои гузаронидани машқҳои муҳим, баҳри бехатарии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, дастгирӣ мекунад.
Таҳкими иқтидори Маркази таълимии Горди миллӣ имкониятҳои Марказро дар самти таъмин намудани омӯзиш барои хадамоти амнияти Тоҷикистон, ба хотири ҳимояи кишвар аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмонҳои ифротгарои зуровар, ба таври назаррас васеъ мекунад.
“Амрико, чун ҳарвақта, садоқати худро баҳри шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии пойдории амният, соҳибихтиёрӣ ва нақши он дар суботи минтақавӣ, тасдиқ менамояд.  Ин талошҳо нақши мусбиеро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, дастгирӣ менамоянд”, таъкид доштааст сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки ИМА тули 29 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва дар ин муддат тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала