Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб доданд

Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ахиран дар пойтахти кишвар мардони 29 ва 40-сола боздошт шуданд, ки дар кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят бурдааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи А.Навоӣ шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Ваъда кард, ки аз Амрико "Тайота-Каролла" мебиёрад: боздошти қаллоб дар Душанбе
Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 29 ва 40-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намуданд.
Манбаъ ҳамзамон қайд кардааст, ки ин ду нафар санаи 21-уми феврали соли равон, дар кӯчаи А.Навоӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифтанд.
Таъкид шудаст, ки онҳо ба ҷабрдида ваъда додаанд, ки аз бинои навсохтмони кӯчаи А.Навоӣ якхонагӣ гирифта медиҳанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид доштааст, ки нафарони боздоштшуда  ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала