Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Саркашӣ аз пардохти алимент 243 нафарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в районе Рудаки, архивное фото
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Мудири бахши робитаҳои байналмилалии Хадамоти иҷрои Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар соли 2020 бинобар бадқасдона саркашии қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар парванда оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Ширинов Аюбҷон, мудири бахши робитаҳои байналмилалии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон қайд кардааст, ки мутаассифона, таҳлили вазъи истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситондани алимент нишон дод, ки воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ин намуди санади судӣ сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Ҳабси 57 ва кофтукоби 100 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд
Вай афзуд, айни ҳол, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 71 ҳазор ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент мавҷуд мебошад, ки ба сарбории ҳар иҷрочӣ бо назардошти дигар санадҳои судӣ зиёда аз 800 то 1200 санади судӣ рост меояд.
“Танҳо дар зарфи як сол, яъне соли 2020 барои иҷрои маҷбурӣ 11 330 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент ворид гардидааст, ки ситониши доимии давравиро пешбинӣ менамоянд”, - таъкид доштаст удири бахши робитаҳои байналмилалии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳамзамон Аюбҷон Ширинов, гуфт, ки соли 2020 бинобар бадқасдона саркашии қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
“Инчунин, дар баъзе мавридҳо новобаста аз татбиқи ҷазои ҷиноятӣ маблағи қарзи алимент пардохт нагардида, ҳангоми адои ҷазо қарзи алимент давра ба давра зам гардида, боиси мушкил ситондани он барои таъминоти фарзандони ноболиғ мегардад”, - гуфт ӯ. 
Ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки волидон аз пардохти алимент бадқасдона саркашӣ намуда, бар зами ин боз даст ба ҷиноят мезананд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади сари вақт ситондани алимент барои фарзандони ноболиғ, болиғи ғайриқобили меҳнат, ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак роҳбарияти хадамоти иҷро ва кормандони он тамоми чораҳоро тибқи қонунгузории Тоҷикистон меандешанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала