Симои микроноҳияи 13-и шаҳри Хуҷанд табдил меёбад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузаштан ба хазинаи аксСтроительство ЖК "Сердце столицы" в Москве
Строительство ЖК Сердце столицы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки дар микроноҳияи 13-уми шаҳр маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, корҳои ободонӣ бахусус дар дохили хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр вусъат гирифта, қадди роҳ, пайраҳаҳо ба низом дароварда шуда, то ба имрӯз беш аз 30 адад хонаҳои баландошёнаи ин маҳалла аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии “Истифодабарии манзили соҳили рост” рангубор карда шуданд.
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Қарори раиси шаҳр: кӯчаеро дар Хуҷанд ба номи "генпланист"-и аввалаш мегузоранд
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ миёни хонаҳои баландошёнаи 17, 37, 38, ва 25-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос иборат аз чойхона, дорухона, сехи дӯзандагӣ, нонвойхона, майдончаи бозии футбол, мавзеъи бозии кӯдакона, ҷои истироҳати сокинони биноҳо, танӯрхона ва ошхона бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилали 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки барои сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист дар ин микроноҳия беш аз 400 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи шинонида шуданд, ки ба муҳити атроф накҳати дигар мебахшад.
Зикр шудааст, ки сокинони микроноҳияи 13-ум аз ин иқдоми шаҳрдорӣ истиқбол карданд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, силсилаи корҳои бунёдкорӣ сурат гирифта истодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала