ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд

© МЧС РФ / Гузаштан ба хазинаи аксДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани се садамаи нақлиётии мадҳуш хабар дод. Дар натиҷаи ин се садамаи нақлиётӣ чаҳор нафар ба ҳалокат расидаасту шаш нафари дигар осеб дида дар бемористон бистарӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солиев Бороналӣ, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Норак-Ваҳдат”, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри маҳкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки дар канори рости роҳ истода будааст, бармехурад.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Садама дар Ваҳдату ноҳияи Турсунзода ду кушта бар ҷой гузошт
“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Солиев Б.У. ва мусофираш, Сидиқов Рамазон, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид доштааст ВКД кишвар.
Инчунин, худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони муҳофизати болои пули сойи деҳаи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Гуфта шудааст, ки мусофирони дигар ин автомашина Ҷалилова Истанбону, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҳакимова Мафтуна, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, Фаёзӣ Малика Валиевна, сокини шаҳри Хуҷанда ва 2-фарзанди хурдсолаш Фаёзова Раъно Афзаловна, соли таваллудаш 2015, Фаёзова Ҳанифа Афзаловна, соли таваллудаш 2017,  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамзамон ВКД Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари нохуш низ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Ренҷ-Ровер Спорт”, Мирзоев Муҳсин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, таҳти идораи Раҳимов Умедҷон, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Сход оползня на автодороге Душанбе-Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2020
Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Дэу Дамас” Қулдошева Муҳайё Сайдуллоевна, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи “Дэу Дамас” Раҳимов У.А. ва мусофираш, Нормаҳмадова Оиша, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала