БОР ба Тоҷикистон барои барқарор намудани содироти барқ ба Осиёи Марказӣ кумак мекунад

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Вазири энергетика ва намояндаи БОР масоили ислоҳот дар бахши энергетикаи Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо намояндаи доимии БОР Шанни Кэмпбелл масоили ҳамкорӣ дар бахши энержиро баррасӣ кард.
Ҷонибҳо масоили ислоҳот дар бахши энержии ҷумҳурӣ, ҷорӣ намудани низоми биллинг, васеъ намудани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ, барқарор намудани робитаҳои энержӣ бо кишварҳои минтақа ва афзоиши содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро баррасӣ  карданд.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд
Инчунин, тарафҳо масоили амалисозии лоиҳаҳои энергетикиро, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо роҳҳои барқарор ва пайваст кардани низоми энергетикии Тоҷикистонро бо низоми энержии Осиёи Марказӣ тавассути пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа имкон медиҳад тиҷорати минтақавии энержиро тақвият бахшад ва самаранокии энержиро миёни узви низоми энергетикии Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад.
Лоиҳаи БОР васл ва навсозии таҷҳизоти муосири муҳофизатиро барои ҳамоҳанг сохтани низомҳои барқии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мекунад. Ҳамчунин, ин лоиҳа нуқтаҳои пайвастшавӣ ва тавонмандии иқтидори Тоҷикистонро тавсеа мебахшад.
Арзиши умумии ин лоиҳа 40 миллион долларро ташкил медиҳад.
БОР барои амалисозии ин лоиҳа ба Тоҷикистон 35 миллион доллар ҷудо кард, маблағи боқимонда ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳад буд.
Интизор меравад, ки ин лоиҳа соли 2022 ба итмом расад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала