Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Бибии овозхон Манижа гуфт, ки чӣ гуна сароянда ба муваффақият расид

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПевица Manizha во время выступления
Певица Manizha во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Бибии сароянда Манижа Нозигул Ҳамроева ба услуб ва тарзи сароидани сурудҳои наберааш баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Бибии сароянда Манижа, ки Федератсияи Русияро дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекунад, Нозигул Ҳамроева бовар дорад, ки наберааш услуб ва тарзи инфиродии иҷрои сурудҳое дорад, ки жанрҳои дигарро такрор намекунад.
Музыкальный продюсер Иосиф Пригожин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад
"Ман бо 11 набера, аз калониам Манижа ифтихор мекунам! Он чизе, ки ӯ ба даст овард, танҳо ба туфайли ҷидду ҷаҳди доимӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди касби интихобкардааш мебошад",- гуфт Ҳамроева ба РИА Новости.
"Ман хуб мефаҳмам, ки Манижа ба ҳама сарояндагони ҷаз ва поп монанд нест, фарди худи ӯ, такрор накардани жанрҳо, услуб ва тарзи иҷрои сурудҳои дигар аст", - мегӯяд бибии овозхон.
Вай таъкид кард, ки ҳама орзуҳои набераашро дастгирӣ мекунад, нигаронаш аст.
"Пас аз пирӯзӣ дар сабқати интихобӣ, падари ӯ Далер, ҷарроҳи муваффақ, телефонаш қариб "кафид" - ҳама дӯстон ва шиносҳо духтарашро бо муваффақият табрик карданд", - гуфт Ҳамроева.
Оилаи овозхон Манижа дар Тоҷикистон шӯҳрат дорад.
Алиакбар Абдулло, директори Фонди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт, ки "бобои овозхон Манижа Хоҷа Усмон нависандаи машҳур, рӯзноманигор, пажӯҳишгаре буд, ки бори аввал тарҷумаи ҳол ва ашъори зан-шоираҳои асримиёнагиро дар китоб ҷамъ овард "23 гавҳари шарқ".
Таджикская певица Манижа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад
Ин китоб тақрибан ҳамон замон дар Осиёи Миёна нодир шуд ва ба даҳ забон тарҷума гашт. Абдулло ба овозхон дар озмуни оянда муваффақият орзу кард.
"Манижа як падидаи фарҳангист, ба монанди гули нодир ва экзотикӣ аст", - илова кард ӯ.
Овозхони попи тоҷик, ғолиби озмуни "Интервидение" Таҳмина Ниёзова низ ба ҳамватани худ муваффақият орзу кард.
"Маро ифтихор фаро гирифтааст, ки зани тоҷик бори аввал дар чунин озмун ширкат мекунад. Пас чӣ фарқ дорад, ки Русияро намояндагӣ мекунад? Мо кишварҳои бародарем! .. Манижа дорои як нерӯи аҷибест, ки ба маънои томаш тамоми тамошобинонро ҷалб мекунад, кори ӯ бо ҳам пайвастани сабкҳои фарҳангию мусиқӣ - аз сурудхонӣ то рэп аст", - гуфт Ниёзова.
Рӯзи душанбе, 8 март, дар натиҷаи як овоздиҳии аҳолии муайян карда шуд, ки Русияро дар "Евровидении - 2021" овозхон Манижа бо суруди Russian woman муаррифӣ мекунад.
Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала