Дар Хатлон масъалаи коррупсия миёни пизишкон баррасӣ шуд

Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Дар вилояти Хатлон дар як ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан пешгирии амалҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ахиран дар толори Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии кории Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳа ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки дар ҷаласа рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ироа гардиданд, таҳлилу баррасӣ гардиданд.
"Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд", - аъкид доштааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала