Садамаи маргбор: Муқимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 80-соларо пахш кард

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми март, тахминан соатҳои 21:40-дақиқа дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор сар задааст.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин
Ба иттилои манбаъ, ронандаи "Волсваген-Пасат", Назаров Муқимҷон Саидмаҳмудович, сокини 29 - солаи ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳи 80-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонро пахш намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад. 
Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард
Аввали моҳи ҷорӣ низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 76 -сола зери чархи автомобил дар масири Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0