Тоҷикистон бозори фурӯши онлайниро рушд медиҳад

© ТПП РТШӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ
Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Дар Тоҷикистон аввалин ҷаласаи Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати кишвар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Гуфта шудааст, ки раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед зимни суханронӣ таъкид доштааст, бозори фурӯши онлайнӣ бо суръати баланд меафзояд ва ба гуфтаи коршиносон, боз ҳам зудтар рушд хоҳад кард.
“Умедворем, ки Шӯрои рушди тиҷорати электронӣ ба як платформаи муҳими ҷамъиятӣ барои муколама мубаддал хоҳад шуд, ки дар он ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба таблиғ ва рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон диққати калон дода мешавад”, - гуфт раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Мукаддасзода Фирдавс таъкид намуд, ки аз ҷониби Ҳукумат ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Кумитаи андози Тоҷикистон Facebook-ро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кард
Вай афзуд, айни замон, дар ин соҳа як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд. Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” ва лоиҳаи Стратегияи миллии рушди тиҷорати электронӣ таҳия шуда истодаанд.
Инчунин дар ин ҷаласа таъкид карда шуд, ки таъсисёбии Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон саривақтӣ ва мувофиқ буда, ҳамаи ҷонибҳоро гирди ҳам оварда, метавонад ба минбари муҳокимаи рушди тиҷорати электронӣ табдил ёбад.
Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари USAID дар Тоҷикистон Кит Симсон зимни суханронии худ гуфт, ки рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои ширкатҳои бузург, балки барои корхонаҳои хурду миёна имкониятҳои нав фароҳам меорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки фурӯш, содирот ва ташкили ҷойҳои нави кориро зиёд намояд.
"Ин ба аҳолӣ имкон фароҳам меорад, ки бо нархи арзон ба доираи васеи маҳсулот ва хидматҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дастрасӣ пайдо кунанд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки соҳаи мазкур барои давлат низ муҳим мебошад, зеро он иқтисоди шаффофтарро фароҳам меорад ва соҳибкоронро ба боз шудан ва дур шудан аз иқтисоди пинҳонӣ ташвиқ мекунад, ки ин дар ниҳоят ба афзоиши даромади давлат оварда мерасонад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҷараёни ҷаласа ба иштирокчиён рунамо дар бораи Шӯрои таъсисёфта пешниҳод карда шуда, ҳадафҳои Шӯро ва нақшаи кори он барои соли 2021 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала