Вазорати сохтмон: русҳо муҳоҷирони меҳнатиро дар сохтмонҳо иваз карда натавонистанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Роҳбари Вазорати сохтмон норасоии коргарон дар сохтмонҳои Русияро 1,2 миллион нафар тахмин зад. Норасоии бинокорон бинобар баста шудани марзҳо ҳангоми пандемия ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Дар майдонҳои сохтмонии Русия ҳадди аққал 1 миллиону 200 ҳазор коргар намерасад, гуфт вазири сохтмон ва манзил ва хоҷагии коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзуллин.
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд – акс
"Мушкилоти кадрӣ вуҷуд дорад. Шумораи зиёди бинокорон, ки аз хориҷи наздик омада буданд, бо сабаби коронавирус маҷбур шуданд, ки раванд. Дар назорати дастӣ, мо бинокоронро ворид мекунем, аммо механизми азим барои таъмини воридот ҳанӯз ҳам кор карда мешавад",- гуфт ӯ зимни суханронӣ дар ҳафтаи сохтмонҳои Русия.
Ба гуфтаи вай, лоиҳаҳои сохтмонии Русия ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар коргарони бештар ниёз доранд.
Файзуллин инчунин илова кард, ки на дар ҳама минтақаҳо ҷуброни норасоии коргарон аз ҷониби шаҳрвандони Русия имконпазир аст.
Пештар хабар дода шуд, ки бинобар маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия, Вазорати сохтмон дархостҳои зиёде аз ширкатҳо бо дархости ҷалби муҳоҷирон ба кор дарёфт кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз Русия дархости ташкили кор барои 20 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро дарёфт кард.
Уфа 400 муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин мекунад
Ҳамзамон, қаламрави Краснодар дархости 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ бо ихтисосҳои сохтмониро дошт. 
Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Русия механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркияро барои кор дар бахши сохтмон дар қаламрави Федератсияи Русия тасдиқ кардааст.
Дар вилояти Маскав усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷиронро ташкил мекунанд
Қарорҳо дар бораи омадани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар Русия таҳти "назорати дастӣ" гирифта мешаванд.
Имрӯз, тасдиқи вуруд тақрибан се ҳафта тӯл мекашад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала