Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Хело боистеъдод: ҷонибдории Филипп Киркоров аз Манижа дар Евровидение-2021

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксПевец, народный артист России Филипп Киркоров
Певец, народный артист России Филипп Киркоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Филипп Киркоров, шоҳи саҳнаи Русия ба Манижа Сангин дар озмуни Евровидение-2021 муваффақият хост
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Филипп Киркоров, ҳунарманди номии Русия, шоҳи саҳнаи кишвар аз намояндагии Manizha (Манижа Сангин) дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021, ки май дар Нидерлания баргузор хоҳад шуд, ҷонибдорӣ кард.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Филипп Киркоров (@fkirkorov)

Ӯ Манижаро ҳунарманди пуристеъдод номид ва барояш муваффақият хост.
"Мо ба ҳунарманди хело боистеъдод Манижа муваффақият мехоҳем. Манижа ин барои ту хело имконияти бузург аст. То дидор дар Роттердам", - гуфтааст вай.
Ҷонибдории шоҳи саҳнаи Русия аз намояндагии Манижа дар озмуни Евровидение-2021 аз Русия дар ҳолест, ки мавҷи интиқодҳо ва зиддиятҳои корбарону бархе ҳунармандон зидди баромади вай дар ин озмун боло мешавад.
Певица Manizha во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Бибии овозхон Манижа гуфт, ки чӣ гуна сароянда ба муваффақият расид
Агар интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чӣ сигменти тоҷикӣ ва чӣ сигменти русӣ аз либоспӯшиву ороиши ҳунарманд сар мешавад, интиқоди коршиносон бештар аз таронаи Russian Woman аст, ки Манижа ба Евровидение-2021 пешниҳод кардааст.
Пештар ду коршиноси Русия, Иосиф Пригожин ва мунаққиди мусиқӣ Павел Рудченко аз пешниҳоди таронаи Russian Woman ба озмун интиқод карда буданд.
Пригожин таронаро суолбарангез хонд ва гуфт ҳамчун ҳунарманд ба Манижа баҳои баланд медиҳад. Рудченко бошад гуфт, ки ин тарона Манижаро ба даҳгонаҳо ҳам шомил нахоҳад кард.
Сиёсатмадори тундсухан Владимир Жириновский бошад, сахт изҳори нигаронӣ кард, ки чунин як тарона аз Русия ба Евровидение-2021 меравад. 
Интиқоди тунди Жириновский аз Манижа ва намояндангиаш дар Евровидение-2021
"Фикр намекунам, ки ин барои баланд бардоштани мартабаи зани рус дар ҷомеаи Русия хуб аст", - гуфт сиёсатмадор.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала