Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Ба даҳгонаҳо ҳам шомил намешавад: интиқод аз таронаи Манижа ба Eurovision - 2021

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Мунаққиди мусиқии Русия таъкид кард, ки сатҳи ҳунарнамоии овозхон Манижа ба намояндагони соли гузашта дар озмун аз Русия баробар нест
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Мунаққиди мусиқӣ, узви Шӯрои коршиносони фарҳангии Парлумони ҷавонони назди Думаи Русия Павел Рудченко аз суруде, ки Русия ба озмуни Eurovision - 2021 мефиристад, изҳори норозигӣ баён кард. 
Музыкальный продюсер Иосиф Пригожин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад
"Ҳунарнамоӣ ба назар пирӯзиовар нест. Таҳияи саҳнааш заиф аст, чун танзимаш. Ҳамчунин пешниҳоди тарона камбудӣ дорад", - гуфтааст Руденко ба телевизиони "Звезда".
Коршинос ин ҳанарнамоиро бо торонае, ки соли гузашта аз ҷиниби гурӯҳи Little Big ба озмун пешниҳод шуда буд, муқоиса карда, ба саҳнагузориаш баҳо додааст. 
"Агар мавриди соли гузаштаи Little Big- ро нигарем, онҳо пешсаф буданд, ин ҷо бошад дақиқ ба он сатҳ намерасад. Ба назари ман, ин тарона ба даҳгонаҳо ҳатто шомил намешавад", - гуфтааст вай.
Коршинос таъкид кардааст, ки худи асар - омехтаи қавмиятҳост, ки аз русӣ ва тоҷикӣ иборат аст, аммо тарона ҳастаи ҷолибе ва мавзӯи асосие надорад, "локомотиве надорад, ки онро кашола кунад".
Ёдрас мешавем, Манижа Сангин, ҳунарманди тоҷиктабори Русия дар рафти интихоби миллӣ дар шабакаи аввали Русия пирӯз шуд. Ӯ дар  озмуни  Евровидении-2021 таронаи Russian Woman-ро иҷро мекунад, ки бо забони англисӣ ва русӣ суруда шудааст.
Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад
Муаллифи тарона худи Манижа аст. Ба қавли ҳанарманд, дар тарона дар бораи таҳвили худогоҳии зани рус тайи чанд қарн гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала