Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Варзишкори русро барои зарбаи мамнӯъ ба ҳарифи тоҷикаш аз бозӣ маҳрум карданд - видео

Варзишгари ММА-и Русия Вадим Дмитриев ба варзишкори Тоҷикистон Шамшоди Розизоде ​​ҳилаи мамнӯъро татбиқ кард ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд
Дар Санкт-Петербург мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи "Gorilla MMA Series-27: Time for New Heroes" баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Артём Кургулин (Россия) vs. Ахмад Бойкараев (Таджикистан) | 70 кг - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби русашро мағлуб кард - видео
Размикори тоҷик Шамшоди Розизода бо Вадим Дмитриеви рус набард кард. Задухурд ҷолиб буд: дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна ҳарду варзишгар ба якдигар ҳамла мекунанд, дар ҳоле ки ҳеҷ кадоме аз онҳо намехоҳанд эътироф кунанд.
Аз рӯи наворҳо, Розизода хуб кор мекунад. Вай ба Дмитриев ҳар лаҳза зарба мезанад, ҳар гоҳ ва гоҳе мекӯшад, ки рақиби худро кунҷ барад ва бартариро ба даст орад.
Амалҳои қатъии Розизодаро дида, варзишгари Русия ӯро бо оринҷ ба пушти сар зад.
Истифодаи чунин усул ҳангоми мубориза мамнуъ аст, бинобар ин Дмитриев фавран аз мусобиқа маҳрум карда шуд. Ғалаба насиби варзишгари Тоҷикистон гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала