Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Интиқоди тунди Жириновский аз Манижа ва намояндагиаш дар Евровидение-2021

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский зидди намояндагии Манижа аз Русия дар Евровидение-2021 баромад ва таронаи ӯро сахт интиқод кард
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский интихоби Манижаро ҳамчун намояндаи озмун аз Русия дар Евровидение-2021 интиқод кард.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Ба даҳгонаҳо ҳам шомил намешавад: интиқод аз таронаи Манижа ба Eurovision - 2021
Ӯ гуфт, ки чунин тарона ба Русия "лозим нест".
"Фикр намекунам, ки ин барои баланд бардоштани мартабаи зани рус дар ҷомеаи Русия хуб аст", - гуфт сиёсатмадор.
Афзун бар ин, Жириновский як мисраи таронаро сахт интиқод кардааст: "Сын без отца, дочь без отца"(писар ва духтари бепадар).
"Тарона бояд табъи инсонро болида гардонад. Кӣ ӯро интихоб кардааст? Ба кӣ чунин тарона лозим аст?", - гуфтааст вай.
Ёдрас мешавем, рӯзи 8 март дар натиҷаи овоздиҳӣ тамошобинон тариқи телевизиони Шабакаи аввали Русия маълум шуд, ки Русияро дар озмуни Евровидение-2021 Manizha (Манижа Сангин) намояндагӣ мекунад. Афзун бар ин, ба давраи ниҳоӣ гурӯҳи #2Маши ва Therr Maitz роҳ ёфтанд. 
Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад
Манижа қариб 40 дар сади овози тамошобинонро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала