Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Евро дар Тоҷикистон дар пасманзари қурби доллар пойин меравад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Рубл ва евро таҳти тағйироти ҳаррӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор доранд ва дар пасманзари қурби доллари қавӣ ва эътимоднок ноустуворӣ нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 мар - Sputnik. Қурби расмии евро дар Тоҷикистон коҳиши навбатиро нишон медиҳад.
Ҳамин тариқ, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз асъори Аврупоро 13,4354 сомонӣ барои як евро муқаррар кардааст.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март
Ин назар ба охири моҳи гузашта ба таври назаррас камтар аст.
Рӯзи 27 феврал як евро дар Бонки Миллӣ 13.8277 сомонӣ арзиш дошт.
Ҳамзамон, коҳиши нишондиҳандаҳои асъори хориҷӣ нисбат ба рубл низ ба назар мерасад. Рубли русӣ низ то ба 151 сомонӣ барои ҳазор рубл коҳиш ёфт.
Ҳамзамон, дар тӯли чанд ҳафта рубл якбора ҷаҳиши якчанд сомониро нишон медиҳад.
Доллар дар Тоҷикистон сатҳи 11,30 сомониро барои як доллари ИМА дар лавҳаи расмии БМТ устувор нигоҳ медорад.
Аммо дар дигар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ қурби асъор каме баландтар аст ва ба 11,33 сомонӣ мерасад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ
Вай инчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳама гуна амалиётҳои асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин дар банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала