Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Аз Файзобод то Роштқалъа: таъсиси нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои соли 2021

Диктант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Акнун хоҳишмандон метавонанд дар нуқтаҳои сайёри барояшон наздик, худро барои ширкат дар ИМД-2021 сабти ном кунанд
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон аз 9 то 20 марти имсол нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил кард.
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2020
Танҳо як имтиҳон: Маркази миллии тестӣ шартҳоро дигар кард
Аз ҷониби  ин ниҳод дар ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Шаҳристон, Дӯстӣ, Хуросон, Муъминобод, Темурмалик ва Роштқалъа нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ таъсис дода шудаанд.
Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирии ноҳияҳои интихобгардида, ки барояшон наздик ё мувофиқ аст, худро барои иштирок дар ИМД-2021 сабти ном кунанд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсони довталаб сурат мегирад.
Инчунин рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон дар соли 2021 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла нуқтаҳои сайёр ташкил карда шуда, муҳлати фаъолияташон дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
"Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар Душанбе
Бояд гуфт, ки нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ доимӣ набуда, ба хотири дурдаст будани ноҳияҳои номбурда аз тарафи нуқтаҳои доимоамалкунанда таъсис дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала