Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Маҳдудиятҳои нав дар Бразилия ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ваксинаи "Спутник V"

© REUTERS / Pilar OlivaresМедицинские работники делают прививки от коронавируса в трущобах Рио-де-Жанейро, Бразилия
Медицинские работники делают прививки от коронавируса в трущобах Рио-де-Жанейро, Бразилия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи афзоишу коҳиши вруси корона, маҳдудиятҳо ва фарогир шудани ваксинаи "Спутник V" дар ҷаҳон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, Русия аввалин муоҳадаи истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" дар қаламрави Иттиҳодияи Урупоро имзо кард.
Қарор аст аз моҳи июли соли ҷорӣ ширкати дорусозии итолёвиву швейтсарии Adienne, ки дар Ломбарди-дар шимоли Италия фаъолият мекунад, ба истеҳсоли ин ваксин оғоз кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Агентии урупоии доруворӣ ҳоло истифодаи ваксинарусии  "Спутника V"-ро дар қаламрави давлатҳои узви Аврупо иҷозат надодааст. Вале баъзе аз ин кишварҳо аллакай аз доруи русӣ истифода мекунанд.

Маҳмудидиятҳои нав дар Бразилия

Аз 8-уми марти соли равон дар пойтахти Бразилия ба сабаби авҷи нави сирояти коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуданд.
Медицинский сотрудник держит в руках ампулу с российским препаратом Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Мардум аз соати 22:00 то 05:00 субҳ ҳақи гаштугузор дар кӯчаҳоро надоранд. Тибқи қарор ин низом то 22 март идома хоҳад кард.
Ширкати сармоягузории испонии IberAtlantic дар мавриди имкониятҳои истеҳсоли воксани  "Спутник V" дар қаламрави худ саргарми гуфтушунид шудааст.
Аз 5 – уми март шумори фавтидагон аз коронавирус дар Шветсия 39 нафар афзудааст.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар қораи Африқо ба 3,967 миллион нафар расидааст.

"Спутник V" ва AstraZeneca 

Тунис аввалин бастаҳои воксани русии "Спутник V"-ро дарёфт кард.
Муддати як сол Эрон аз Кореяи Ҷанубӣ  3,12 миллион воя ваксинаи тавлиди ширкати британиёиву шведии AstraZeneca –ро ворид хоҳад кард.
Чин аввалин кишвари олам аст, ки барномаи шиносномаҳо барои ваксиншудагонро қабул ва роҳандозӣ мекунад.  Гуфтугӯҳо дар мавриди ин гуна шиносномаҳо дар кишварҳои дигари олам низ дар ҷараёнанд.
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон
Дар остонаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мақомоти Ҷопон имкони ҷорӣ кардани маҳдудияти шумораи одамоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, баррасӣ мекунанд. Ин маҳдудиятҳо метавонанд рӯзи 21 март, вақте ки вазъияти фавқулодда дар минтақаи пойтахт лағв мешавад, эътибор пайдо кунад.
Шумори умумии сироятшудагон ба вируси корона дар Қувваҳои мусаллаҳои Кореяи Ҷанубӣ ба 603 нафар расидааст.
Ҳукумати Эстония дар ҷаласаи ғайринавбативу изтирории худ, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, аз 11 март то 11 апрели соли равон дар саросари кишвар маҳдудяитҳои нави зидди коронаӣ ҷорӣ намуд.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 9445 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 ошкор шуд.
Қирғизистон ҳам аз коҳиши сатҳи мубталоён ба коронавирус хабар дод.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи охир дар кишвар ягон нафар ба вируси корона гирифтор нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала