Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Муфтии Тоҷикистон бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон ба Самарқанд меравад

© Sputnik Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Самарқанд меравад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сафари Саидмукаррам Абдуқодирзода бо даъвати ҳукумати Ӯзбекистон сурат мегирад.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2020
Муфтии Тоҷикистон бо раҳбарии вазири маориф доктори илм шуд
Ба иттилои манбаъ, Абдулқодирзода  дар  ҳамоиши байнулмилалӣ “Вижагиҳои мероси Имом Бухорӣ ва аҳаммияти рӯшангарии имрӯзии он”- ширкат мекунад.
Ин манбаъ гуфт, дар ин сафар Саидмукаррам Абдуқодирзодаро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати ҷумҳурӣ низ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, дар конфронс ҳамзамон дар баробари руҳониёни Тоҷикистону Ӯзбекистон намояндагони Афғонистон ҳам иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем дар Ӯзбекистон тайи чанд соли ахир барои гиромидошти олими ҷаҳони ислом Имом ал-Бухорӣ ҳамоишҳо доир мешаванд
Соли 2018 дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон, як муассисаи илмии исломӣ Маркази таҳқиқоти байналмилалӣ ба номи Имом ал-Бухорӣ ифтитоҳ ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала