Мулоқоти Сатторов бо Калашников: аз татбиқи тафовуқоти замони Рустами Эмомалӣ то СААД

© Сафорати Тоҷикистон дар РусияМулоқоти Имомуддин Сатторов бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робитаҳо бо ИДМ
Мулоқоти Имомуддин Сатторов бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робитаҳо бо ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Сфири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ Леонид Калашников тавофуқоти замони сафари Рустами Эмомалӣ ба даст омадаро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ Леонид Калашников дидору мулоқот кард.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2020
Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия, зимни мулоқот масоили таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Русия баррасӣ шудааст.
Манбаъ таъкид карда, ки таваҷҷуҳи асосии ҳар ду тараф ба татбиқи тавофуқоте, ки зимни сафари расмии раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Русия дар моҳи ноябри соли 2020 ба даст омаданд, нигаронида шуд.
Ҳамзамон, роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, махсусан дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Рустами Эмомалӣ ба Алексей Оверчук: иҷрои 300 созишнома беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад
Ёдрас мешавем, ки чанде аз натоиҷи сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия - таъсиси гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи "ВДНХ", ки дар он ҷо аз соли 1939 то 1965 вуҷуд дошт, имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 миёни Маскав ва Душанбе ва баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст, ки санаи эҳтимолии он охири марти соли 2021 гуфта мешавад, буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала