Полетаев хавфҳои усули нави ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия гуфт

© Foto / Из личного архива Дмитрия ПолетаеваДмитрий Полетаев
Дмитрий Полетаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Русия, дар бораи усули нави ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди Русия, ки ҳукумат тасдиқ кардааст, ибрози назар кард
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ҳукумати Русия алгоритми амалҳоро барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди кишвар тасдиқ кард.
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Вазорати сохтмон: русҳо муҳоҷирони меҳнатиро дар сохтмонҳо иваз карда натавонистанд
Ҳоло ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз доранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳоро барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ҷойгир ва таъмин хӯрок, муоинаи тиббӣ пас аз расидан ба Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро таъмин кунанд.
"Барои муҳоҷирон бурди асосӣ ин аст, ки онҳо метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд. Он муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия мондаанд, дар ҳоли ҳозир шароити хуб доранд", - гуфт Полетаев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Норасоии муҳоҷирон, ки дар Русия ба вуҷуд омад, ба онҳо имкон дод, ки дар баъзе соҳаҳо маоши калон гиранд.
Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд – акс
"Тавре ки таҳқиқот нишон доданд, дар минтақаҳо, аз рӯи баъзе ихтисосҳо музди меҳнати муҳоҷирон зиёд шудааст", - шарҳ дод коршинос.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Дар вилояти Маскав усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷиронро ташкил мекунанд
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, саволи асосӣ ин аст, ки чӣ гуна пуле, ки корфармоён барои онҳо сарф мекунанд, ҷуброн карда мешавад.
Ҳатто агар он дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошад ҳам, муҳоҷир метавонад ҷои кори худро иваз кунад. Барои корфармо инҳо хатар хоҳанд буд.
Инчунин, дар ин ҳолат мумкин аст, ки музди меҳнат кам нишон дода шавад ва ба сатҳи бозор мувофиқат накунад.
"Таҷрибае ҳаст, ки корфармо коргаронро аз ҳисоби худ меорад ва муддате онҳо хароҷоти ҷойивазкунӣ, ҳуҷҷатҳоро аз музди меҳнати онҳо ҷуброн мекунанд", - шарҳ дод ӯ.
Полетаев ёдовар шуд, ки чунин таҷриба дар СССР вуҷуд дошт, вақте ки шахс дар донишгоҳ ройгон таҳсил мекард ва сипас барои ҷуброн кардан дар фабрика ё дар баъзе минтақаҳо кор мекард.
Ин таҷриба ҳоло, масалан, дар Қазоқистон истифода мешавад, афзуд ӯ.
Уфа 400 муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин мекунад
Аммо, ҳанӯз маълум нест, ки чӣ гуна чунин нақшаро татбиқ кардан мумкин аст, зеро муҳоҷирон шаҳрванди Русия нестанд.
Лентаи хабарҳо
0