Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские солдаты на построении
Таджикские солдаты на построении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зери фармон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ” имзо монд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, моҳҳои апрел-майи соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари ҷумҳурӣ, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав
Тибқи фармони президент, моҳҳои апрел-майи соли 2021 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Гвардияи миллии кишвар, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи  Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
Дар фармони раисиҷумҳур омадааст, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
Раҳмон имзо кард: хизмати пулакӣ расмӣ шуд
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Маълум шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон чанд танк дорад
Ёдовар мешавем ахиран раисиҷумҳури кишвар қонунеро имзо кард, ки бар асоси он дар Тоҷикистон хизмати пулакӣ низ роҳандозӣ мешавад ва аввалин таҷриба дар артиши Тоҷикистон хоҳад буд. 
Аммо мақомот то кунунун дақиқ накардаанд, ки маблағ бар ивази хазмати ҳарбӣ чи қадар хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0