Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Суханронии се вакили парлумони Тоҷикистон дар ҳамоиши забон дар Теҳрон

© Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии ТоҷикистонВидеоконференция депутатов с Тегераном
Видеоконференция депутатов с Тегераном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Се нафар аз намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилаллии маҷозии "занон ва иқтисоди хонаводамеҳвар", ки онро Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Маҷмааи Парлумонии Осиё дар Теҳрон баргузор шуд, суханронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik.  Ба нақл аз сомонаи парлумони Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш Сумангул Тағозода раиси комитети умури иҷтимоӣ, хонавода ва ҳифзи саломатӣ, Солеҳа Холмуҳаммадзода ва Саидҷаъфар Усмонзода аз аъзои ин комитет аз тариқи иртиботи тасвирӣ дар бораи мавзӯи занон ва иқтисоди хонавода меҳвар изҳори назар карданд. 
Мужчина смотрит телевизор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Дастрасии ройгони тоҷикон ва ӯзбекҳо ба филмҳо ва сериалҳои эронӣ
Сухангӯён таъкид карданд, ки дар шароити феълӣ ба далели густариши вируси корона, ки мӯҷиби афзоиши фақр ва бекорӣ шудааст, ҷомеаҳои башарӣ бояд барои иртиқои ҷойгоҳи занон ва истифода аз ин нерӯи тавонманд барои рафъи мушкилот иқдом кунанд. 
Намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон афзуданд, ки фаъолияти занони корофарин ба унвони муваллиди тавлид ва нерӯи кор ҳамвора муҳим будааст ва аҳамияти ҳузури занон дар канори мардон ва кори онон дар умури хона ва хонавода бар касе пӯшида нест. 
Онҳо изофа карданд, ки занон ба унвони нерӯи халлоқ ва мутафаккир метавонанд таҳаввуле дар зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҷод кунанду ҷавомеъро аз ҳолати буҳрон наҷот диҳанд. 
Дар ин ҳамоиш намояндагони маҷлисҳои Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Иморот, Индонезия, Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Туркия, Тайланд, Филиппин, Русия, Қатар, Қазоқистон, Уммон, Лубнон, Ветнаму Кипр ширкат ва суханронӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала