Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

TOLOnews гуфт, бузургтарин роҳи қочоқи тиллову долларҳои афғонӣ ба кадом давлат аст

© AP / Matthias SchraderЗолотые слитки
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Хабаргузории Афғонистон TOLOnews бо истинод ба баъзе санадҳо дар бораи интиқоли миллионҳо доллар ва садҳо кило тилло аз Афғонистон тавассути кишварҳои ҳамсоя хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.Тибқи ҳуҷҷатҳо, дар як ҳолат, 66 миллион доллар ва 329 кило тилло тавассути бандари Ҳайратон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистон интиқол дода шудааст, навиштааст.
Золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Катавозай гуфт, тиллову миллионҳои дар Душанбе дастгиршуда аз ман нест: аз кист?
Манбаъҳо ба TOLOnews гуфтаанд, ки як қатор аъзои Маҷлиси Миллӣ ва сиёсатмадорон дар ҳамкорӣ бо як қатор мансабдорони давлатӣ дар бандари Ҳайратон мунтазам асъор ва тиллоро аз қаламрави кишвар интиқол медиҳанд.
Бо истинод ба ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳо дар мақомоти давлатӣ, далел оварда мешавад, ки аз аввали соли равон 329 кило тилло ба маблағи 59,65 миллион доллар аз Афғонистон ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Гузориш ба Рустами Эмомалӣ аз боздошти Сафарову Назаров бо 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул
Аз сӯйи дигар, манобеъ аз ҳукумати Кобул гуфтаанд, ки танҳо тавассути бандари Хайратон ҳар рӯз ба Ӯзбекистон ва сипас тавассути кишварҳои дигар ба маблағи тақрибан 8 миллион доллар асъори хориҷӣ интиқол дода мешавад.
"Ҷараёни ғайриқонунии нақд аз дохили Афғонистон ба хориҷ ва дохили кишвар як мушкили бисёр бунёдӣ аст, ки ҳукумати Афғонистон натавонист онро пешгирӣ кунад",- гуфт Икром Афзалӣ, раиси Transparency International Афғонистон.
Тибқи санадҳо гуфта мешавад, чанд маъмури амниятӣ ва мансабдорони бандари Ҳайратон, шахсони қудратманд, сиёсатмадорон ва як қатор аъзои Маҷлиси Миллӣ дар қочоқи асъор ва тилло даст доранд.
Ба гуфтаи бархе аз аъзои порлумон, қочоқи пул ва тилло аз Бандар Баҳор як амри маъмулӣ шудааст, аммо ин аъмоли ғайриқонунӣ ҳатто барои амнияти миллии ин кишвар хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Се корманди гумрук низ барои талоши қочоқи 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул боздошт шудаанд
"Дар парлумон нафароне ҳастанд, ки пул ва тилло интиқол медиҳанд ва дар ҳукумат масъалаҳои пул, қочоқ ва сармои миллӣ мавҷуданд",- гуфт Абдул Саттор Ҳусейнӣ, узви палатаи намояндагони Фараҳ.
Баъзе аъзои палатаи намояндагон чунин гуфтаанд, ки ин ҳалқаи мафия кӯшиш мекунад, ки дар хориҷа пулшӯӣ кунанд.
Ҷовид Сафӣ, узви Комиссияи молия ва буҷаи Маҷлиси Намояндагони афғонистон гуфтааст, ки: "Маҳз пули сиёҳ аст, ки ба ин ҷо омада сафед мешавад ва он гоҳ дар дасти оппозисиюн мерасад ва дар ҳамлаҳои террористӣ истифода мешавад .. . "
Ёдовар мешавем мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки моҳи ноябри соли гузашта 90 кило тилло ва 15 миллион долларро, ки аз Афғонистон ворид шудаву мебоист ба Дубай бурда шавад, мусодира карданд.
Тилло ва долларҳои қочоқӣ дар Тоҷикистон: кӣ аз куҷо ба куҷо мехост барад?
Баъдан расонаҳои Афғонистон гуфтанд, ки ин пулу тилло ба Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон тааллуқ дорад, аммо ӯ зимни як суҳбат инро рад карду гуфт, сиёсатмадор аст, на тоҷир.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала