Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КҲФ: кӣ рафту кӣ омад?

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар ниҳодҳои қудратӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тағйироти кардрӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии кишвар, бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд
Дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Латифзода Ҳотамшо Латиф таъин шудааст.
Ӯ дар ин мақом Шоҳиён Рустам Мирзохоҷаро мваз намуд.
Ҳамзамон Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло ва Исозода Сулаймон Умар дар вазифи муовини нави раҳбари КҲФ Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон ва Маҳмадзода Ҷамшед Бобохонро иваз кардаанд. 
Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.
Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав дод
Ба иттилои манбаъ, сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намудааст, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.
Таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Агентии стандартизатсияро ҷо ба ҷо кард
Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Лентаи хабарҳо
0