Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май аст

© Pixabay Ампулы с вакциной, архивное фото
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Дар доираи COVAX то моҳи майи соли ҷорӣ воридоти як бастаи азими ваксинаи коронавирус ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 март - Sputnik. Тоҷикистон то моҳи майи соли 2021 дар доираи механизми COVAX  беш аз 620 ҳазор воя ваксина алайҳи сирояти коронавирус мегирад, гуфт намояндагии ИА дар ҷумҳурӣ.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Аввалин ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон расид: аз куҷо ва чӣ миқдор
"Тоҷикистон тавассути механизми COVAX то моҳи майи соли ҷорӣ 624,000 воя ваксина мегирад", - омадааст дар изҳорот.
Дафтари намояндагӣ мушаххас кард, ки бастаи ибтидоии ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя, ки рӯзи сешанбе ба Душанбе дастрас шуд, эмгузаронии тақрибан 3 дарсади аҳолии Тоҷикистон, пеш аз ҳама кормандони тибро фаро мегирад.
Тибқи гуфтаи ИА, механизми COVAX инчунин ба кишварҳои бенефитсиар кӯмаки техникӣ мерасонад, то маъракаи эмгузаронии самарабахшро таъмин кунанд.
Ваксинаи ройгони Чин: Раҳмон изҳори сипос кард
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон таъкид кард, ки ИА дастгирии ҷумҳуриро дар мубориза бо сироят идома медиҳад.
Медицинский сотрудник набирает в шприц российский препарат Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Муовини вазир: ваксинаи чиниро гурӯҳи корӣ меомӯзад
"Тавассути як барномаи нави чорсола, мо барои тақвияти соҳаи тандурустӣ дар солҳои оянда 52 миллион евро сармоягузорӣ мекунем" гуфт вай бо ишора ба Барномаи рушди солимии 2021-2025 бо маблағи 52,2 миллион евро, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад.
Тибқи иттилои дафтар, барнома дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба хидматрасонии босифати аввалияи тиббӣ ва дастгирӣ аз пешгирӣ ва назорати сироят мебошад.
Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел сабт шуда буд. Аз аввали моҳи январ ҳолатҳои нави ин беморӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала