Дар Украина гурба кӯдаки чормоҳаро кушт

© Sputnik / Maksim Blinov / Гузариш ба медиабонкКамышовый кот в вольере Московского зоопарка
Камышовый кот в вольере Московского зоопарка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Кӯдаки чормоҳа дар дохили коляска дар назди хонаашон буд. Модараш дақиқае ба ҷое рафт, ҳангоме бозгашт гурбаро дар болои рӯйи кӯдак дарёфт
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дар Украина гурба дар рӯйи кӯдаки чормоҳа хобида ӯро кушт. Дар ин бора хадамоти ёрии таъҷилии вилоятӣ дар Facebook хабар додааст.
Ин фоҷиа рӯзи 8 март дар шаҳри Острог вилояти Ровненский ба вуқӯъ пайвастааст. Қайд мешавад, ки модар кӯдаки худро дар дохили коляска бо гурба беҷон дарёфт.
Табибони ҳозиршуда кӯшиш карданд, ки чораҳои наҷотдиҳӣ гузаронанд. Бо исрори волидон тифлро ба беморхонаи марказии минтақавии Остроҳ интиқол доданд ва табибон фавти ӯро тасдиқ карданд.
"Табибони ёрии таъҷилӣ тадбирҳои наҷотдиҳӣ анҷом медоданд. Кӯдак нишонаҳои ҳаёт нишон надод. Бо исрори волидон кӯдакро ба беморхонаи марказии ноҳияи Остроҳ интиқол доданд. Дар он ҷо табибон марги биологии кӯдакро муайян карданд", - омадааст дар хабарнома.
Дар бораи ин ҳодиса ба кормандони милисаи маҳаллӣ хабар дода шуд ва онҳо ба таҳқиқи марги навзод пардохтанд.
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Дар бораи чунин ҳолати монанд, моҳи декабри соли 2019 гузориш шуда буд. Он замон дар минтақаи Виннитсаи Украина гурба дар рӯйи духтараки нӯҳмоҳа хобида ӯро буғӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0