Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар шаҳри Душанбе низ раъду барқ ба амал омада бориши борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон меборад.
Бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 7-12 ва рӯзона  1-6 дараҷа сард мешавад.
Ливень, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз раъду барқ ​​ва боришоти шадид ҳушдор медиҳанд
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  4+9 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. 
Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона  7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд.   Ҳаво шабона  6+8  ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0