Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар Тоҷикистон

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз боришоти борони шадид ва барфи тар дар саросари кишвар ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин боду ҳавои номусоид як рӯз идома мекунад.
"Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон 14 март дар саросари кишвар  боронҳои шадид (дар кӯҳҳо дар баландиҳои бештар аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки хатари боло рафтани оби дарёҳову рӯдхонаҳо ва дар роҳҳои кӯҳӣ омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки бехатарии шахсиро риоя кунанд.
Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон: рӯйхати ҷойҳои хатарнок
Дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба назди махзанҳои об, соҳили дарёҳо, гардишгариву сайри кӯҳу дара худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала