Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Яке аз кишварҳои Аврупо шикаст дар набард алайҳи "Маҷрои шимол - 2"- ро эътироф кард

© Sputnik / Дмитрий Лельчук / Гузаштан ба хазинаи аксСудно-трубоукладчик "Фортуна" покидает порт Висмар, архивное фото
Судно-трубоукладчик Фортуна покидает порт Висмар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тадриҷан аз монеъ шудан ба сохтмони лӯлаи гази Русия "Маҷрои шимол - 2" даст мекашанд
ДУШАНБЕ, 10 мар - Sputnik. Мақомоти Лаҳистон пешниҳод кардаанд, ки сарфи назар аз талошҳои кишварҳои дигар барои пешгирии ин лӯлаи гази "Маҷрои шимол-2"-и Русия ба анҷом мерасад.
Cудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Путин Байденро барои "Маҷрои шимол - 2" таҳдид кард
Ин изҳоротро намояндаи ваколатдори ҳукумати Лаҳистон оид ба инфрасохтори стратегии энергетикӣ Перт Наимский дар эфири "Радиои Полша" изҳор дошт.
"Чунин ба назар мерасад, ки ин лӯлаи газ ба анҷом мерасад", - гуфт ӯ.
Маълум аст, ки Лаҳистон дар тӯли ду даҳсола ба бунёди "Маҷрои шимол-2" монеъ шуда, аз Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида даъват ба амал меовард.
Қаблан Станислав Левитский, муаллифи ҳафтаномаи Myśl Polska, шикасти кишварро дар мубориза бо лӯлаи гази Русия эълон карда буд. Вай таъкид кард, ки талошҳо барои қатъ кардани сохтмон натиҷа надодаанд.
Аврупо худ муносибатро бо Русия ба бунбаст расонду боз хушҳол нест
Ба гуфтаи рӯзноманигор, ин аз он сабаб рух дод, ки Шветсия, Финляндия ва Дания барои татбиқи лоиҳа мувофиқат карданд. Ба гуфтаи Левитский, ин кишварҳо манфиатҳои ҳам Полша ва ҳам Украинаро нодида гирифтанд.
Cтроительство газопровода Северный поток (Nord Stream) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2021
"Маҷрои шимол - 2" тақдири муносиботи Олмону ИМА-ро ҳал мекунад
Рӯзноманигор бовар дорад, ки ба кор андохтани "Маҷрои шимол-2" ба Украина зарари калон мерасонад, зеро транзити гази Русия тавассути ин кишвар ба буҷа солона ду-се миллиард доллар меорад. Ин миқдорро бо маблағе, ки кишвар барои мудофиа сарф мекунад, муқоиса кардан мумкин аст.
Левитский гуфт, бинобар татбиқи лоиҳа, Украина ба Русия наметавонад таъсир расонад, зеро дигар имкон надорад ба вай бо қатъи интиқоли газ таҳдид кунад.
Ҳамзамон, ӯ хотиррасон кард, ки чунин як низомро аллакай Маскав дар қаъри баҳри Сиёҳ гузошта буд.
"Ин дар якҷоягӣ бо лӯлаҳои газ дар баҳри Балтика имкон медиҳад, ки консепсияи убур аз Лаҳистон ва дигар кишварҳои миёнбаҳрӣ ҳангоми транзит дар самти Шарқ-Ғарб амалӣ карда шавад".
Путин: сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” дар ҳоли анҷомёбист
Омилҳои дар боло овардашуда боиси паст шудани аҳамияти сиёсӣ ва нуфузи Лаҳистон дар давлатҳои ҳамсоя хоҳанд шуд, гуфт ӯ.

Сохтмони "Маҷрои шимол - 2"

Русия чанд сол аст, ки лӯлаи гази "Маҷрои шимол - 2"-ро месозад. Ин лӯла ду қатори лӯлаи газро дар бар мегирад, ки аз қаъри баҳри Балтика мегузаранд. Он ду лӯлаеро дар бар мегирад, ки аз минтақаҳои истисноии иқтисодӣ ва обҳои ҳудудии Русия, Дания, Финляндия, Шветсия ва Олмон мегузаранд.
Дарозии "Маҷрои шимол-2" аз 2,4 ҳазор километр зиёд хоҳад шуд. Он дарозтарин роҳи содироти гази зериобӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
ИМА боз "Маҷрои Шимолӣ - 2" - ро "сахт" гирифт
Дар пайи сохтмони ин тарҳ  дар назар аст ҳар сол тавассути лӯла 55 миллиард метри мукааб газ ба Аврупо равон мешавад. Бисёр кишварҳо, аз ҷумла Украина ва Иёлоти Муттаҳида, зидди иҷрои ин лоиҳа ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала