Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Зебо ва даҳшатбор: таркиши вулқон дар Камчатка - видео

Кормандони Донишкадаи вулқоншиносӣ ва зилзиласанҷии филиали Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия як падидаи ваҳшатнок ва ҳамзамон зебои табиӣ - таркиши вулқони Ключевская Сопкаро ба навор гирифтанд
Дар Камчатка Ключевская Сопка фаввора мезанад - баландтарин вулқон дар УрОсиё, ки баландии он ба 4649 метр мерасад.
Девушка позирует фотографу на выставке Teamlab Borderless в Шанхае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Аз вулқон то эътирозҳо: ҷолибтарин аксҳо аз ҳафтаи гузашта дар тамоми рӯи Замин
Дар навор як падидаи беназир, яъне ташаккули конуси нави вулқонро дидан мумкин аст. Дар видео абрҳои ғафси дуди сурх, партовҳои гарм ва ҷараёни лаваи 10-метра дида мешавад.
Олимон қайд карданд, ки бинобар баланд шудани ҳарорат, пиряхи наздики вулқон об шуд, ки ин боиси пайдоиши сели лой гардид. Пас аз таркиш, чун қоида, бомбаҳои вулқонӣ бо диаметри то ним метр партов мешаванд.
Ба гуфти Алексей Озеров, директори Пажӯҳишгоҳи вулқонсиносии филиали Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия, барои аксбардории таркиши вулқон, мутахассисон бо мошинҳои барфӣ ба як тарафи вулқон наздик шуданд. Ғайр аз аксҳо ва видеоҳо, онҳо аксҳои термикиро низ ба даст оварданд.
"Кормандони донишкада вазифадор карда шуданд, ки дар наздикии ҳодисаҳо қарор дошта, мушоҳидаҳо гузаронанд. Ин имкон медиҳад, ки фавран Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ташкилотҳои махсусро ҳангоми таҳияи сенарияҳои номусоид огоҳ созанд", - гуфт Озеров.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир хатаре вуҷуд надорад. Аммо, ҷараёнҳои санги лой метавонад дар натиҷа роҳҳои байни деҳоти Ключи ва Козыревскро шуста, тавозуни экологии дарёҳои наздикро вайрон кунанд.
Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор
Ёдовар мешавем, ки то ин дам, хурӯҷи қуллаи Ключевская Сопка аз рӯзҳои аввали моҳи октябри соли 2020 то 8 феврали соли 2021 метаркид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала