Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Амниятиҳои Қирғизистон як гурӯҳи террористиро боздошт карданд

Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Расонаҳои Қирғизистон ахиран хабар доданд, нерӯҳои амниятии ин кишвар афродеро, ки дар ҳоли барномарезӣ барои таҷҳизи як гурӯҳи террористӣ буданд, боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ахиран Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон фаъолиятҳои ин гурӯҳро, ки шомили шаҳрвандони қирғиз ва хориҷӣ буданд, комилан террористӣ унвон кард, ки раҳбароне аз "як гурӯҳи террористии байналмилалӣ дар Сурия" онро ҳидоят мекарданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба  “АКИ Пресс”.
Протесты в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Шарики қотиле, ки муаллимро дар Фаронса кушт тоҷикистонӣ будааст
Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳадаф аз фаъолиятҳои ин гурӯҳи террористӣ бесубот кардани шароити иҷтимоиву сиёсӣ аз тариқи таҷҳизи гурӯҳҳои харобкоре дар Қирғизистон будааст.
“Аъзои ин гурӯҳ дарвоқеъ роҳзанони бособиқае ҳастанд, ки дар урдугоҳҳои як созмони террористии байналмилалӣ таҳти омӯзишҳои хоси террористӣ қарор гирифтаанд”, - қайд кардааст Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.
Ҳамзамон ин ниҳоди қудратӣ бидуни ишора ба теъдоди аъзои ин гурӯҳ, ки ба силоҳҳои гарм ҳам дастрасӣ доштаанд, афзудааст: “Иқдомоти амалиётӣ ва таҳқиқотӣ барои мушаххас кардани ҳувияти аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор идома дорад”.
Баъд аз мудохилаи низомии Амрико ва сарнагунии Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон, падидаи терроризм ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала