Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Маҳмадтоир Зокирзода: дар Тоҷикистон озодии баён таъмин аст

© Парламент ТаджикистанаГлава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз баргузор гардид, баён намуд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҷаласа таъкид кард, ки дар Тоҷикистон озодии баён таъмин буда, фаъолияти Васоити ахбори омма дар асоси қонунҳои Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.
В Национальной библиотеке Таджикистана состоялось торжественное собрание в честь «Дня таджикской прессы» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Дар Душанбе барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд
Вай ҳамчунин иброз дошт, ки саҳми ВАО, дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим дорад.
“Бо қаноатмандӣ иброз менамоям, ки рӯзноманигорони арҷманд дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси фаъолияти ҳокимияти олии қонунгузор ва намояндагии кишвар низ бетараф набуда, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд”, - афзуд раиси парлумони кишвар.
Вай илова кард, ки имрӯз мардум ба матбуот назари нек доранд.
“Бо шарофати истиқлолият низоми фаъолияти матбуот низ дигаргун шудааст. Имрӯз метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик дар таъмини фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад”, - қайд кард Зокирзода.
Ҳамасола ҷомеаи рӯзноманигори тоҷик иди касбии худро рӯзи 11-уми март таҷлил менамоянд.
Дар Тоҷикистон то соли 1995-ум "11-уми март" ҳамчун рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – "Бухорои шариф" таҷлил мегардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала