Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Абдуҷаббор Раҳмонзода: Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир фаъол гардид

© © Sputnik / Амир ИсаевПомощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Абдуҷҷабор Раҳмонзода ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мегӯяд, аҳли эҷод ва Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир хело фаъол гардидаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода кормандони ВАО-и кишварро бо Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, табрик намуд.
Таджикские газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2020
Рӯзи матбуоти тоҷик: сууди “давлатиҳо” ва суқути “ғайридавлатиҳо”
Ба гуфти Раҳмонзода, аҳли эҷод ва Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир хело фаъол гардида, дар инъикоси рӯйдодҳои кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва беҳтарин мақола, очерк, публисистика, мусоҳибаҳоро таълиф карда, дастоварду комёбиҳо ва камбудиву норасоиҳои ҳар як соҳа, мақомоти давлатӣ ва маҳаллиро бо далелҳо тасвир карда, аз мавқеи касбияти хеш дур намешаванд.
Раҳмонзода дар номаи табрикотиаш мегӯяд, "бо баракати соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери сарпарастии Президент ба рушди воситаҳои ахбори омма диққати аввалиндараҷа дода мешавад". Маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат рӯзи 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шуда, дар саросари кишвар бо шукӯҳ доир мегардад ва беҳтарин рӯзноманигорон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ мешаванд.
Имрӯз дар таҷлили 107-солагии матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи А. Лоҳутӣ эълон хоҳанд шуд
Ӯ ёдоварӣ карда, ки баробари ин бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон мукофоти ба ному устод Лоҳутӣ таъсис ёфта, рӯзноманигорони касбие, ки дар давоми сол мақолаҳои ҷолиб ва воқеъбинона таълиф менамоянд, ба ин мукофоти соҳавӣ қадр мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала