Шоири тоҷик лауреати Ҷоизаи байналмилалии "Антуан де Сент-Экзюпери" дар соли 2021 гардид

© Министерство культуры РТАбдукахор Косим избран академиком Международной академии русской литературы
Абдукахор Косим избран академиком Международной академии русской литературы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ лауреати ду Ҷоизаи байналмилалии адабӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Уруосиё, шоир ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим дар байни адибон, тарҷумонҳо, олимон ва рассомони маъруф, барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ лауреати Ҷоизаи байналмилалии адабии "Ҷаҳони марзӣ" ва "Антуан де Сент-Экзюпери" (Фаронса - Олмон) дар соли 2021 гардид.
Таджикский поэт Абдукаххор Косим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2020
Шоири тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим ба гирифтани ҷоизаи "Рус моя" пешбарӣ шуд
Дар ин бора Вазоарти фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ҷоизаҳои ифтихорӣ ба адибони украинӣ ва хориҷӣ, олимон, тарҷумонҳо, рассомон ва шахсоне, ки дар рушди санъату адабиёти миллӣ саҳм гузоштаанд, дода мешавад.
Аз соли 2018, муассисони ин ҷоиза Академияи байналмилалии адабӣ ва бадеии Украина мебошанд, ки нависандагон, тарҷумонҳо ва олимони 60 кишвари дунёро муттаҳид месозад.
Тоҷикистонӣ академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд
Дар соли 2021 ба ин ҷоизаҳои ифтихорӣ Абдукаҳҳор Қосим (Тоҷикистон), Сантош Кумар Похарел (Непал), Сабита Сатапати (Ҳиндустон), нависанда, ношир Борис Кригер (Канада), рассом Натали Хо (Фаронса, Порис) Алфазия Нурраҳмӣ (Индонезия) Абделваҳаб Аззавӣ (Сурия, Олмон), адабиётшинос Ал-Хузаа Умар (Ироқ), дабири кулли Ассотсиатсияи нависандагони Ҳиндустон, муаллифи зиёда аз 150 китоб Ашис Санял (Ҳиндустон, Бангладеш) барои корҳои барҷастаи эҷодӣ, сарфароз гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки пештар Абдуқаҳҳори Қосим академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала