Содир Ҷабборов ба Ӯзбекистон сафар кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Президентро дар ин сафар вазирон, намояндагони ваколатдори ҳукумат дар минтақаҳо ва шахсони дигар ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон парвоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар доираи сафари сатҳи олӣ, Ҷабборов бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот мекунад.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад
Интизор меравад, ки роҳбарони давлатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, инчунин дурнамои рушд ва эҷоди ҳамкориҳои муассирро баррасӣ мекунанд.
Инчунин баргузории мулоқотҳои дуҷониба бо раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева, раиси палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нурдинҷон Исмоилов ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар назар аст.
Ғайр аз ин, дар доираи ин сафар, баргузории форуми соҳибкорони Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар нақша аст.
Ёдрас мешавем, ки президенти Қирғизистон ҳамакнун аз Русия ва Қазоқистон боздид карда буду нақша дорад ба Тоҷикистону Туркманистон низ сафар кунад.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.
Лентаи хабарҳо
0