Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Вакилон ба минтақаҳо мераванд: Раиси парлумон аз вакилон хоҳиш кард, ҷиддӣ омодагӣ гиранд

Махмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Маҳмадтоир Зокирзода аз вакилон дархост кард, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гиранд ва ба мушкилоти интихобкунандагон расидагӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 15 то 25 март барои шарҳи бандҳои паёми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ба минтақаҳои кишвар сафар хоҳанд кард.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Маҳмадтоир Зокирзода: дар Тоҷикистон озодии баён таъмин аст
Ҳангоми қарор доштани вакилон дар минтақаҳо онҳо тасмим доранд , ки аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтиосдӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ паёми худро ба парлумон ироа кард.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз аз вакилон дархост намуд, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гирифта, ба мушкилоти онҳо гӯш андозанд ва ҳамаи бандҳои паёми президентро возеҳу равшан ба онҳо шарҳ диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала