Заҳролудшавии 30 тан ва ҳалокати ду нафар рӯзи зодрӯз дар Қирғизистон

© Sputnik / Дмитрий МатвеевУгощения на узбекской свадьбе
Угощения на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Сардухтури назорати санитарию эпидемиологӣ сабаби марги ду заҳролудшударо дер муроҷиат кардан ба кормандони тиббӣ медонад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Қара-Сууи Қирғизистон 30 нафар заҳролуд шудаву ду тан ҷони худро аз даст доданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба роҳбари назорати санитарию эпидемиологии Ош Мамирасул Омурзоқов.
Ба гуфтаи вай, як сокини деҳаи Наримон рӯзи 6 март ба ифтихори 60-солагиаш дар хонаи худ ҷашн ороста, дӯстон ва хешовандонро даъват кардааст.
"Меҳмонон хӯриш, палав мехӯрданд, компоти худсохт менӯшиданд. Нишонаҳои аввалини заҳролудшавӣ рӯзи дигар пайдо шуд, аммо заҳролудшудагон фавран ба беморхона муроҷиат накарданд, балки танҳо доруҳоро нӯшиданд", - гуфт Омурзоқов.
Зане, ки ҷашн ташкил карда буд, рӯзи 9 март ба духтурон муроҷиат кард. Маълум шуд, ки ӯ заҳролуд шудааст. Пасон, ҷабрдидагони дигар ба беморхона бистарӣ шуданд", - гуфт Омурзоқов.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
Вай қайд кард, ки бинобар саривақт муроҷиат накардан ба табибон, наҷоти ҷони ду нафар ғайриимкон шуд. Рӯзи 10 март зани 50-сола фавт кард. Як зани дигари 60-сола, ки дӯсти зани зодрӯздор буд, имрӯз дар беморхонаи шаҳри Ош даргузашт.
"Дар ҳоли ҳозир, дар беморхонаи ноҳияи Кара-Суу ҳашт нафар бистарӣ ҳастанд, як нафар дар беморхонаи деҳаи Наримон бистарӣ аст. Вазъи онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин, 14 нафар таҳти назорати табибон ҳастанд", - гуфт Омурзоқов.
Шароби Қирғизистон 12 ӯзбекро заҳролуд кард: ду нафар ба ҳалокат расиданд
Ёдрас мешавем, ки дар авоили моҳи март дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз хӯрок дар ноҳияи Акси вилояти Ҷалолобод шаш нафар ба ҳалокат расиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала