Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ

© Sputnik / Анатолий УстиненкоЛавина
Лавина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Се нафар бар асари тармафароӣ дар ноҳияи Айнӣ воқеъ дар наздикии деҳаи Кумарги боло ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, тарма дар назди корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Кооператсия 19" фаромадааст.
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа се корманди корхона, як сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокинони 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав зери барф чон додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҷасадҳо аз зери тарма бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар қаламрави кӯҳистонии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо боқӣ мондааст, вазъи пуршиддат дар роҳҳои кишвар боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар километри 550-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва 31 километри роҳи Хоруғ-Ишкошим низ тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хостаст, ки аз сафар ба ҷойҳои хатари тармафароидошта худдорӣ кунанд.
Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон: рӯйхати ҷойҳои хатарнок
Қаблан ин ниҳод ҳушдор дода буд, ки бо сабаби гармшавии ҳаво ва боришот хатари фаромадани тарма ва дар баъзе минтақаҳо обхезиву сел то 15 март боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0